Миралиён Қиёмиддин - Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ

Здесь есть возможность читать онлайн «Миралиён Қиёмиддин - Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ» — ознакомительный отрывок электронной книги совершенно бесплатно, а после прочтения отрывка купить полную версию. В некоторых случаях можно слушать аудио, скачать через торрент в формате fb2 и присутствует краткое содержание. ISBN: , Жанр: Прочая научная литература, на русском языке. Описание произведения, (предисловие) а так же отзывы посетителей доступны на портале библиотеки ЛибКат.

Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ: краткое содержание, описание и аннотация

Предлагаем к чтению аннотацию, описание, краткое содержание или предисловие (зависит от того, что написал сам автор книги «Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ»). Если вы не нашли необходимую информацию о книге — напишите в комментариях, мы постараемся отыскать её.

Маводи мазкур барои таълим ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи фанни «Сотсиологияи идоракунӣ» муқаррар шудааст, ҳамчунин барои истифода ба олимон, омӯзгорон, маъмурон (роҳбарони ташкилоту муассисаҳо), хизматчиёни давлатӣ, унвонҷӯён, магистрантҳо ва шахсони дигари дар соҳаи идоракунии иҷтимоӣ ва менеҷмент машғул мебошанд, тавсия дода мешавад.

Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ — читать онлайн ознакомительный отрывок

Ниже представлен текст книги, разбитый по страницам. Система сохранения места последней прочитанной страницы, позволяет с удобством читать онлайн бесплатно книгу «Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ», без необходимости каждый раз заново искать на чём Вы остановились. Поставьте закладку, и сможете в любой момент перейти на страницу, на которой закончили чтение.

Тёмная тема
Сбросить

Интервал:

Закладка:

Сделать

Дар ин ҷо Хертсберг фарқияти байни қаноатмандӣ ва қонеъ набудани шахсро аз ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ ошкор месозад.

Омилҳои «гигиенӣ» ва ё берунӣин шароитҳои меҳнатие мебошад, ки шавқмандӣ ва ё сабабнокии берунироташкил медиҳанд ва онҳо аз сиёсати корхона / ташкилот, назорати техникӣ, муносибат бо роҳбар, муносибатҳои мутақобила аз рӯи уфуқ, моҳона, бехатарии меҳнат, кафолати шуғлнокӣ, шароити корӣ, мақом, ҳаёти оилавӣ ва ғайра иборат мебошанд. Ё инки омилҳои берунӣ ин ҳавасмандии маънавии шахс новобаста аз табиат ва муҳтавои меҳнат – ҳавасмандгардонӣ аз берунмебошад. Агар ин омилҳо ба шахс таъсири манфӣ дошта бошад, пас сатҳи қаноатмандии ӯ ба кор паст мегардад.

Ҳамин тариқ, мувофиқи назари Хертсберг муносибат ба кор аз ду паҳлӯ бояд баррасӣ карда шавад. Мебояд муайян кард, ки корманд ба чӣ майл дорад ва чӣ ӯро хушҳол ва ё хушбахт мегардонад. Ҳамзамон, масъалаи дигар, ки аз якум бармеояд, – корманд аз чӣ дасткашӣ дорад, ки ӯро нохуш мегардонад. Мувофиқан василаҳои қонеъ гардонидани ин ду паҳлӯи / гуруҳи алоҳида ва баробари ба талаботи корманд вобастабуда бояд гуногун бошанд.

Тарзу усулҳои роҳбарӣ (Д. Макгрегор)

Назарияи Макгрегор аз ду қисмат авторитарӣ ва демократӣ иборат буда, вобаста ба сабабнокии / шавқангезии меҳнат дар идоракунӣ саҳми муносиб дорад. Ин ду қисматро муҳаққиқ шартан ба назарияи «Х» ва «У» ишора мекунад, ки дар ин ҷо назарияи «Х» – тарзи авторитарии роҳбариро бо назардошти назорати қатъӣ, маҷбур кардан ба меҳнат, муҷозот ва такя ба қадрдонии моддӣифода мекунад. Назарияи «У»бошад, тарзи демократии роҳбарӣ буда, истифодаи васеи қобилияти зертобеон, назорати фасеҳ, набудани маҷбурсозӣ, худназоратӣ, талош варзидан ба масъулиятнокӣ, ҳавасмандсозии маънавӣ, манфиатнокӣ дар меҳнат ва иштирок дар идоракуниро фаро мегирад.

Инчунин, назарияи мазкурро ба усулҳои идоракунии давраҳои пешин (классикӣ) ва муосир тавзеҳ додан мумкин аст. Дар давраҳои то асрҳои IXX – XX дар тамоми ҷаҳон асосан тарзи идоракунии «Х» истифода мегардид, яъне идоракунӣ бо усулҳои авторитарӣ – яккаҳокимиятӣ, маҷбуркунӣ, назорати қатъӣ ва ғайра ба роҳ монда мешуд, зеро барои аксари соҳибмулкон ва ё идоракунандагон тарзи иштирок ва ҳамфикрӣ дар идоракунӣ бегона буд. Дар ин ҷо сабабҳо зиёданд, аммо нуқтаи асосиро метавон ба паст будани сатҳи маълумотнокӣ ва дониши ҷомеа оид ба тарзу усулҳои идоракунӣ рабт дод. Имрӯзҳо бошад, асосан тарзи идоракунии «У» ҳукмфармо мебошад ва сиёсати байналмилалӣ, аз ҷумла санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бештар демократикунонии муносибатҳоро дар идоракунӣ тақозо менамоянд, зерои ин принсип дар шароити имрӯза устуворӣ ва муваффақпазирии худро собит сохтааст.

Назарияи «Х» -ро бештар ба хислати идоракунии бевоситаи роҳбар вобаста кардан мумкин аст, чун роҳбар одатан машғули ғояҳои супоришӣ ва фармоишӣ буда, талаботи бевоситаи шахсияти корманд / зертоберо ба инобат намегирад, ки албатта ин хусусият ба номуккамалии фаъолият ва камфаъолӣ ва ё танназули иқтидори зеҳнии кадрӣ боис мегардад.

Дар акси ҳол бошад, – истифодаи назарияи «У» муваффақнокӣ дар фаъолият оварда мешавад, зимнан талаботи беш аз корманд, фаъолнокии зеҳнӣ, ташаббуснокӣ ва масъулиятнокии ӯ тақозо карда мешавад.

Ҳамгироии фардӣ дар ҷараёни идоракунӣ (П. Блау, Р. Мертон, Т. Парсон)

Саҳми П. Блау, Р. Мертон ва Т. Парсон дар омӯзиши идоракунӣ ба ҳамгироии фардӣ дар ҷараёни идоракунӣ асос меёбад. Маҷмӯи корҳои тадқиқотии ин муҳаққиқон ҳамчун асоси усули системавии таҳлили механизмҳои иҷтимоӣ ва иҷтимоӣ-психологии таъминоти устувори низомҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳо ва ҳамгироии шахсон дар ҷараёни идоракунӣ баромад менамояд. Зери таваҷҷуҳи тадқиқотчиён ҷанбаҳои институтсионалии амалҳои иҷтимоӣ дар доираи фаъолияти низомҳои иҷтимоӣ қарор гирифт. Дар умум ин ҷанбаҳо бавуҷудории талаботи дилхоҳро дар фаъолияти иҷтимоӣ, ба монанди рушди сохторҳои зарурии ташкилӣ бо назардошти меъёрҳои ҳуқуқӣ ва маънавии танзимкунандаи рафтор ва мутобиқати иҷтимоии шахсият инъикос менамоянд. Ин усули омӯзиш боис гардид, ки дар сотсиологияи идоракунӣ қишрҳои тадқиқот, ба монанди «меъёри иҷтимоӣ», «муҷозоти иҷтимоӣ», «назорати иҷтимоӣ» ва ғайра зимни амал қарор дода шаванд.

Кибернетика (технологияи иттилоотӣ) дар идоракунӣ(Н. Винер, О. Эшбӣ)

Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала мебояд иттилоъ дод, ки кибернетика – ин илм дар бораи омӯзиши қонунияти умумии низомҳои мураккаби идоракунӣ ва ҷорӣ намудани онҳо дар ҷараёнҳои идоракунӣ мебошад. Ҳамзамон, бинобар он ки асоси қабули ҳар як қарорро иттилоот ташкил медиҳад, кибернетикаро ҳамчун илм дар бораи қонунҳои умумии дастрасӣ, нигаҳдорӣ, таҳвил додан (пешниҳод кардан) ва дигаргун сохтани маълумот ба / дар низомҳои мураккаби идоракунӣ баррасӣ мекунанд.

Читать дальше
Тёмная тема
Сбросить

Интервал:

Закладка:

Сделать

Похожие книги на «Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ»

Представляем Вашему вниманию похожие книги на «Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ» списком для выбора. Мы отобрали схожую по названию и смыслу литературу в надежде предоставить читателям больше вариантов отыскать новые, интересные, ещё непрочитанные произведения.


Отзывы о книге «Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ»

Обсуждение, отзывы о книге «Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ» и просто собственные мнения читателей. Оставьте ваши комментарии, напишите, что Вы думаете о произведении, его смысле или главных героях. Укажите что конкретно понравилось, а что нет, и почему Вы так считаете.

x