Мутаассифона дар ҳолати имрӯза, ин масъала – татбиқи пурмаҳсули идоракунии иҷтимоӣ, дар кишвар дар сатҳи паст қарор дорад. Падидаи мазкур, танҳо бо дарназардошти талаботи стандарти таълимӣ дар гурӯҳи муайяни муассисаҳои таълимии олии касбӣ, он ҳам аз рӯи адабиёти хориҷӣ, ҳамчун фанни мустақил бо номи «Сотсиологияи идоракунӣ» ба донишҷӯён омӯзонида шуда истодааст. Илова бар ин, дар самти идоракунии иҷтимоӣ корҳои тадқиқотӣ, илмӣ, озмоишӣ, таҷрибавӣ ва методию амалии мақсаднок, низ, гузаронида нашудаанд, ба ҷуз чанде аз шумори ками корҳои тадқиқотии хусусиятноки соҳаҳо ва ё фанҳои робитавӣ, ба монанди ҳуқуқ, фалсафа, иқтисод ва молия, ки бори дигар моро ба андешидани тадбирҳои дахлдор водор мекунад.
Аз ин лиҳоз, ба сифати яке аз тадбирҳои нахустин, бо фарогирии ҷанбаҳои васеи идоракунии иҷтимоӣ, китоб ё маводи таълимӣ – сотсиологияи идоракунӣ – бо назардошти шароити Тоҷикистони муосир ва рукнҳои асосии амалии идоракунӣ омода гардида, барои истифодаи васеъ пешниҳод карда мешавад.
Китоби мазкур барои таълим ба донишҷӯёни муассисаҳои таълимии олии касбӣ аз рӯи фанни «Сотсиологияи идоракунӣ »муқаррар шудааст, ҳамчунин барои истифода ба олимон, омӯзгорон, маъмурон (роҳбарони ташкилоту муассисаҳо), хизматчиёни давлатӣ, аспирантон, унвонҷӯён, магистрантон ва шахсони дигар, ки дар соҳаи идоракунӣ, аз ҷумла идоракунии иҷтимоӣ ва менеҷмент машғул мебошанд, тавсия мегардад.
БОБИ I. ЗАРУРАТ, МАЗМУН ВА МУНДАРИҶАИ ФАННИ СОТСИОЛОГИЯИ ИДОРАКУНӢ
1.1 Ташаккулёбии сотсиологияи идоракунӣ ҳамчун илм
Сотсиологияи идоракунӣ ҳамчун мавзӯи таҳқиқу омӯзиш нав буда, дар асоси илмҳои идоракунӣ ва ҷамъиятшиносӣ (сотсиология) дар самти танзим ва рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ пайдо шудааст.
Илми идоракунӣ дар навбати худ, дар шароити пайдо шудани зарурат барои омӯзиши муносибатҳо ва ҷараёнҳои гуногун, фаррох, худфаъол, бисёрҷабҳа, байнисоҳавӣ ва ҷамъиятии идоракунӣ ба амал омадааст.
Идоракунӣ умри куҳан дошта, аз рӯзи ҳастии инсоният ҳамчун василаи танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, идора ва ҳамоҳангсози одамон оид ба амалигардонии фаъолияти муайян дар шакли давлат ва ё давлатдорӣ арзи вуҷуд дорад.Ҳанӯз дар давраҳои қадим одамон ба қабилаҳо ҷудо гардида, якеро аз байни худ, албатта бо назардошти бартариятҳои муайян ҳамчун сарвар интихоб менамуданд ва барои қонеъ гардонидани талаботи рӯзгор ва рӯзмараи хеш зимни қабул ва татбиқи қарорҳо ба ӯ итоат мекарданд; ки ин шакли идории ҷамъиятиро монанд месозад.
Шаклҳои гуногун ва нисбатан устувори идоркунӣ асосан аз фаъолияти қадими давлатдорӣ дар Осиёи миёна пайдо гардидааст, аз ҷумла давлатҳои қадимтарини Аншон, Кумош ва Эллам (аз асри VIII ҳазораи V то асри VII пеш аз милод), инчунин давлатҳои Кассатиҳо, империяи аввалини форс Ҳахоманиш, Порт, Сосониён, Сомониён ва ғайра.
Барои мисол давлати Ҳахоманишиён (558—331 пеш аз милод) бо системаи Сатрап амал мекард, ки онро ба сохти Иттиҳоди давлатҳои Аврупо ва ё Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шабоҳат додан мумкин аст. Давлати Ҳахоманишиён аз 33 Сатрап (ҷумҳурӣ ва ё вилоятҳои бузург) ба монанди Бохтар, Суғд, Хоразм, Миср ва ғайра иборат буд, яъне ҳар як Сатрап як ҷумҳурӣ ва ё вилоятро ташкил медод. Системаи Сатрап, ба подшоҳи марказӣ – Шоҳаншоҳи Ҳахоманишҳо вобастагӣ дошт, аммо ҳар як Сатрап шоҳи худро низ дошт ва ба содироту воридот, буҷет ва тақдири одамон масъулияти шахсӣ доштанд ва мустақилона амал мекарданд. Сатрапҳо артиш надоштанд, мувофиқан харҷи зиёд намекарданд, аммо ҳар сол ба ҳокимияти марказӣ андоз месупориданд. Артиш ва ба ин васила ҳифзу таъмини бехатарии ҷомеа бар уҳдаи ҳокимияти марказӣ буд. Дар Форс ҳукмронӣ танҳо дар ягонагии умумии худ иттиҳоди халқҳо мебошад, ки ба халқҳои муттаҳид озодона арзи вуҷуд намуданро пешниҳод мекунад – гуфта буд, Гегел (Умарзода И. Таърихи тамаддуни Ориён. 2006.). Дар ин ҷо боиси зикр аст, ки сиёсати идоракунии демократӣ ва ё либералии давлат, ба монанди мустақилият ва озодӣ маҳз дар фаъолияти давлати Ҳахоманиш васеъ инъикос меёбад, яъне демократия барои мо бегона нест, гараанде онро мо акнун (дар шакли муосир) омӯхта ва амалӣ гардонида истода бошем ҳам.
Илми идоракунӣ тибқи назариёти таҳқиқотчиёни Ғарб дар нимаи дуюми асри XVIII ба вуҷуд омадааст, аммо назариёти давлатдорӣ, мувофиқан, усулҳо ва василаҳои гуногуни идоракунӣ мувофиқи рисолаи «Сиёсатнома» -и мутафаккирони Шарқ Низомулмулки Тусӣ (1063—1092) хеле барвақт аз асри XI манша мегирад. Яъне, новобаста аз он ки дар ҷаҳони муосир дастовардҳои илмии соҳаи идоракунӣ бештар ба таҳқиқотчиёни Ғарб рабт дода мешавад, аммо заминаҳои назариявии он ҳанӯз 6 садда пеш (дар имрӯз низ) аз ҷониби мутафаккири форсу тоҷик Низомулмулки Тусӣбо фарогирии услуб ва усулҳои гуногуни идоракунии давлатӣ дар чаҳорчӯбаи Шариат (таълимоти дини мубини Ислом)таълиф гардидааст. Низомулмулк бо назардошти таҷрибаи идоракунии давлатҳои «Сомониён» ва «Ғазнавиён» мактабҳо, ки бо номи «Низомия» шинохта мешуданд, ташкил намуда, дар мубориза ба ҳамагуна зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ ходимони давлатиро тарбият менамуд.
Читать дальше