Кибернетика имкониятҳо ва усулҳои илмии технологӣ ва принсипиалии ҳалли вазифаҳои идоракуниро дар ҳамаи низомҳои худидоракунӣ, аз ҷумла иҷтимоӣ васеъ мегардонад. Ин илм зарурат ва аҳамиятнокии иттилоотро ҳамчун василаи муҳими идоракунӣ нишон дода, онро қисми ҷудонопазир дар ҷараёнҳои идоракунӣ баррасӣ менамояд.
Кибернетика масъалагузориро, на чун: «ин ва ё он масъала ё объект барои чӣ бояд идора карда шавад», балки ҳамчун «ин ва ё он масъала ё объект чӣ тавр бояд идора карда шавад» ба роҳ мемонад. Яъне, он тарзу усулҳои идоракуниро ба таври васеъ ва аз ҳама муҳим, мувофиқ ба талабот ва шароити ҷомеаи муосир меомӯзонад.
Низомҳои (системаҳои) иҷтимоӣ (Ч. Барранд, Г. Саймон)
Чӣ тавре аз таҳлили боло маълум мегардад, идоракунӣ ба ду давра: классикӣ ва муосир ҷудо мешавад. Назарияи классикӣ бештар ба манфиати ташкилот / корфармо масъалагузорӣ мекунад, аммо назарияи муосир, ки онро либералӣ ва ё демократӣ низ метавон ном бурд, бештар манфиати шахс / кормандро боло мегузорад, ки дар навбати худ, ин муносибат низоми иҷтимоӣ ва ё гуманистии (башардӯстии) идоракунӣ ном гирифта мешавад.
Дар рушди назарияи муносибатҳои инсонии сотсиологияи ташкилотҳо ва ё «даъвати гуманистӣ» Э. Мэйо, Д. Макгрегор ва А. Маслоу саҳми муносиб гузоштаанд.
Олимон дар натиҷаи озмоишҳо исбот карданд, ки ба маҳсулнокии меҳнат аз омилҳои иқтисодӣ-техникӣ дида, омилҳои иҷтимоӣ-писхологӣ таъсирноктар аст. Ин назарияро инчунин мумкин аст, ки ба ду муқаррароти дар боло овардашуда рабт дод: якум ба шакли классикии идоракунӣ ва дувум ба шакли муосири идоракунӣ. Яъне, классикон ба он назар буданд, ки самаранокии идоракунӣ зимни сохтори расмии идоракунӣ, ҳамоҳангсозӣ ва назорати мушаххас, назорати қатӣ, яккасардорӣ ва ғайра таъмин мегардад. Аммо рақибони онҳо – олимони муосир бар он назаранд, ки самаранокии идоракунӣ дар ҳолати ғайрирасмикунонии сохтор, бахусус бо гуруҳҳои хурд, муносибати мутақобилаи одамон, назорати умумӣ, худназоратӣ, қадрдонӣ ё ҳавасмандгардонии гуруҳ (коллектив) ва ғайра таъмин карда мешавад.
Ташкилот (П. Блау, М. Фуко ва М. Вебер)
Дар роҳи таҳқиқи сохторҳои мураккаби иҷтимоӣ Питер Блау зарур донист, ки назарияи мубодиларо ба шакли муносибатҳои иҷтимоӣ мутобиқ намояд. Тибқи назарияи олим байни ҷамъиятҳои бузург ва гуруҳҳои хурд фарқият вуҷуд дорад.
Сохтори муносибатҳои иҷтимоӣ дар гуруҳҳои хурд бевосита дар шакли муносибати мутақобила ба роҳ монда мешавад, дар ҳоле ки дар ташкилотҳои бузург чунин шакли муносибат имконнопазир мебошад, мувофиқан зарур аст, ки механизми муносиб ба роҳ монда шавад.
Дар ин самт Блау муайян намуд, ки дар сохторҳои мураккаби иҷтимоӣ ба сифати механизми пайвасткунада меъёрҳо ва арзишҳои мавҷудаи ҷомеа метавонад истифода гардад. Ин робитаро албатта созиши байни тарафҳо-созишномаи марбут ба арзишҳо ташкил медиҳад.
Ин созишнома, ки дар натиҷаи мувофиқати меъёрҳо ва арзишҳои умумиқабулшуда пайдо гардидааст, метавонад ба сифати ҳакам / байнрав дар ҳаёти иҷтимоӣ ва ё ҳалқаҳои пайвасткунандаи амалҳои мутақобилаи иҷтимоӣ баромад намояд. Бо ин роҳ мубодилаи иҷтимоӣ бо усули «бавосита» имконпазир мегардад, ки он ҷараёнҳои ҳамгироии иҷтимоиро дар сохторҳои мураккаби иҷтимоӣ, инчунин рушди ташкилотҳои иҷтимоиро дар худ метавонад идора кунад.
Дар ин ҷо, муҳаққиқ муносибатҳои мутақобиларо дар сохторҳои мураккаби иҷтимоӣ ба воситаи амалӣ сохтан, эҳтиром гузоштан, эътироф ва истифода намудани меъёрҳо ва арзишҳои инсонӣ ҳамчун механизми рушди ташкилот, нигоҳ доштан ва эътидолнокии гуруҳҳо баррасӣ менамояд.
Назарияи М. Фуко оид ба ташкилот
Мутобиқи назари муҳаққиқ интизом наметавонад ҳамаи ҷомеаро якранг фаро гирад, яъне узви ҷомеа гуногунмиҷоз мебошанд, мувофиқан ҷанбаҳои интизомиро гуногун қабул мекунанд. Интизом иҷборан дар ҷомеа ворид гардида, ба қисми муайяни ҷамъият таъсир мерасонад, аммо на ҳамаи он.
Дар кори Фуко, инчунин масъалаҳои гуманизм (башардӯстӣ) ба назар мерасад. Таҳқиқотчӣ бар он назар аст, ки гузаштан аз низоми шиканҷа ва азобу уқубат ба низоми ҳабскунии одамон гувоҳи (шаҳодати) гузаштан аз муҷозоти бадан ба руҳ ва озодӣ мебошад. Ин навъи омӯзиш онро инъикос менамояд, ки одамон ҳамчун объекти таҳқиқу омӯзиш муайян карда шуданд, гарчанде то ин замон манфиат ва шаъну шарафи инсон дар ҷойи дувум пас аз дастгоҳи истеҳсолӣ-идоракунӣ меистод.
Дигар қисмати омӯзиши Фуко дар самти интизом ва муҷозот ҳукмфармоиро бо усули паноптикум (дар ҳолати мазкур: назорати ҳамаи маҳбусон дар як вақт) фаро мегирад. Ин усул ва ё сохтор имкон медиҳад, ки хизматчиён тамоми ҷанбаҳои ҳаётии маҳбусонро мушоҳида намоянд. Дар асл иштироки доимии назоратчиён талаб карда намешавад, зеро сохтори мазкур худ ҳамаи маҳбусонро аз амалҳои номатлуб нигоҳ медорад. Паноктикум метавонад дар шакли дидбонгоҳ дар маркази маҳбасхона ташкил шуда бошад, ки аз як нуқта назоратчӣ метавонад тамоми ҳуҷраҳоро назорат кунад ва мувофиқан маҳбусон медонанд, ки таҳти назорати доимӣ қарор доранд, аз рафтору кирдори номатлуб худдорӣ менамоянд (расми 1). Ҳамзамон, ин усулро метавон дар замони муосир, ки технологияи иттилоотӣ ҳукмфармоӣ дорад, ба ҷорӣ кардани камераҳои мушоҳидавӣ рабт дод. Бо ин тартиб дар байни маҳбусон низоми худидоракунӣ ҷорӣ мегардад, то ин ки рафтору кирдори ношоями онҳо аз ҷониби назоратчӣ мушоҳида нагардад, мувофиқан танбеҳ нагиранд.
Читать дальше