Миралиён Қиёмиддин - Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ

Здесь есть возможность читать онлайн «Миралиён Қиёмиддин - Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ» — ознакомительный отрывок электронной книги совершенно бесплатно, а после прочтения отрывка купить полную версию. В некоторых случаях можно слушать аудио, скачать через торрент в формате fb2 и присутствует краткое содержание. ISBN: , Жанр: Прочая научная литература, на русском языке. Описание произведения, (предисловие) а так же отзывы посетителей доступны на портале библиотеки ЛибКат.

Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ: краткое содержание, описание и аннотация

Предлагаем к чтению аннотацию, описание, краткое содержание или предисловие (зависит от того, что написал сам автор книги «Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ»). Если вы не нашли необходимую информацию о книге — напишите в комментариях, мы постараемся отыскать её.

Маводи мазкур барои таълим ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи фанни «Сотсиологияи идоракунӣ» муқаррар шудааст, ҳамчунин барои истифода ба олимон, омӯзгорон, маъмурон (роҳбарони ташкилоту муассисаҳо), хизматчиёни давлатӣ, унвонҷӯён, магистрантҳо ва шахсони дигари дар соҳаи идоракунии иҷтимоӣ ва менеҷмент машғул мебошанд, тавсия дода мешавад.

Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ — читать онлайн ознакомительный отрывок

Ниже представлен текст книги, разбитый по страницам. Система сохранения места последней прочитанной страницы, позволяет с удобством читать онлайн бесплатно книгу «Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ», без необходимости каждый раз заново искать на чём Вы остановились. Поставьте закладку, и сможете в любой момент перейти на страницу, на которой закончили чтение.

Тёмная тема
Сбросить

Интервал:

Закладка:

Сделать

Муносибатҳои инсонӣ (Э. Мэйо)

Самти муносибатҳои мутақобилаи инсонӣ дар идоракунӣ ба назарияи Элтон Мэйо (1880—1948), ки дар натиҷаи «озмоишҳои хотторнӣ» коркард шудааст, рабт дода мешавад. Дар ин ҷо муносибатҳои расмӣ ва ғайрирасмии мутақобилаи одамон дар ташкилот мавриди омӯзиш қарор дода мешавад. Дар натиҷа ба муносибатҳои инсонӣ дар ҷараёни фаъолияти якҷоя дар истеҳсолоти меҳнатӣ бартарият дода мешавад. Ҷанбаҳои иқтисодии шахс ва рукнҳои иҷтимоӣ ҷойиваз мегарданд. Дар инҷо муҳим он аст, ки арзишмандии муқаррароти сарвар ва гуруҳи иҷтимоии ғайрирасмӣ баробар ба қоидаҳои расмӣ арзёбӣ мегарданд. Мс. фаъолияти иттифоқҳои касабаи кормандон, ки дар баробари қарорҳои маъмурият арзиш дорад .

Ҳамчунин, тибқи консепсияи Мэйо ба омилҳои иҷтимоӣ-психологӣ, ба монанди назорати ҳамоҳангшуда ва мушаххасгардида, риояи ҳатмии тартиби кор, сатҳи қадрдонии фардӣ, тахассуснокии маҳдуди вазифаҳо, усули идораи авторитарӣ, интихоби дурусти кадрҳо ва василаҳои меҳнатӣ дар фаъолияти идоракунӣ бартарӣ дода мешавад. Аз ҷумла, назарияи Э. Мэйо муносибатҳои зерини инсониро дар фаъолияти идоракунӣ пешниҳод менамояд:

– бо ҳам пайваст намудани сохторҳои расмӣ ва ғайрирасмии ҳокимият;

– тахассуснокии маҳдуд;

– иштироки васеи кормандони қаторӣ дар идоракунӣ;

– ба роҳ мондани шаклҳои нави ташкили меҳнат, ки ҳавасмандӣ (сабабнокӣ) ва қаноатмандиро ба кор зиёд мекунад;

– баланд бардоштани нақши гуруҳи хурд ва ҳамфикрии кормандон.

Дар умум тибқи назарияи Мэйо манфиати иҷтимоии корманд бояд болотар аз манфиати иқтисодии кордиҳанда ва ё корхона истадва пайваста чораҳое бояд андешида шаванд, ки шахс зарурат ва мақоми худро дар ҷойи кор эҳсос кунад, руҳбаланд гардад ва пайваста баҳри пешрафт талош варзад.

Дар инҷо байни назарияҳои Мэйо ва Тейлор тафовут пайдо мегардад, ки яке манфиати кормандро, дигаре манфиати кордиҳандаро дар ҷойи аввал мегузорад.

Талаботи инсонӣ (А. Маслоу)

Яке аз аввалинҳо шуда, психолог Абраҳам Маслоу (1908—1970) зинабандии талаботи инсониро таҳқиқ мекунад. Ба ақидаи Маслоу инсонро на талаботи ӯ, балки дараҷаи қаноатманд набудани ӯ пеш мебарад. Бо ҳамин назар олим зинабандии зерини талаботи инсониро иборат аз панҷ сатҳ / гуруҳи сабабнокии рафтор дар робита ба ҳукмфармоӣ ва ё таъсиррасонии талабот ба он ҳолати муайян таҳия месозад:

– Талаботи табиӣ (физиологӣ) ва шаҳвонӣ – тавлиди (аз нав бавуҷудоварии) насл, нафаскашӣ, ҳаракати ҷисмонӣ, хӯрок, манзил ва ғайра;

– Талабот ба ҳастӣ – бехатарии ҳастии худи шахс, боварӣ ба оянда, шароитҳои муътадили фаъолияти ҳаётӣ, муҳити муайяни доимӣ ва мунтазами одамон. Инчунин, дар соҳаи меҳнат – талабот ба шуғли кафолатнок, суғурта аз ҳолатҳои фавқуллода ва ғайра;

– Талаботи иҷтимоӣ – робитаи иҷтимоӣ, муошират, монандии (баробарии) худ ба дигарон, иштирок дар фаъолияти якҷояи меҳнатӣ;

– Талабот ба худшиносӣ – эҳтиром ва худқадрдонӣ, болоравии хизматӣ, мақом, эътибор, эътироф ва баҳогузории баланд;

– Талаботи шахсият ва руҳӣ – худифодакунӣ ва худмуаррифӣ тавассути эҷодиёт.

Зинабандии талабот ҳамбастагии рафторҳоро ба якдигар ифода мекунад, яъне барои қонеъ гардонидани талаботи оянда, бояд ки талаботи аввалӣ (дараввалистода) қонеъ гардонида шавад, инро (зинабандиро) принсипи ҳукмфармоӣ низ мегӯянд.

Ду талаботи аввалро муҳаққиқ аввалиндараҷа (фитрӣ / модарзодӣ), сетои баъдиро дуюмдараҷа (ҳосилшуда / бадастоварда) меномад. Ҳамаи талабот даврӣ ва ё такрошаванда мебошанд. Мисол, шахс дар рӯзҳои аввали фаъолияти меҳнатӣ ба маоши кам ва мақоми баробар ба аксарият қонеъ мебошад, вале бо мурури вақт ва зиёд гардидани таҷриба / собиқа талаботи ӯ ба маоши хуб, мақоми баланд, шароити хуби зиндагӣ ва ғайра меафзояд.

Омилҳои сабабнок (шавқангезанда / ҳавасмандгардонанда) (Ф. Хертсберг)

Назарияи Ф. Хертсберг идомаи ғояҳои А. Маслоу буда, ба ду омилҳои мустақили сабабнокии (ҳавасмандии) меҳнат асос меёбад. Омили якум, – шароити меҳнат ва муҳити иҷтимоиро дар гуруҳ (коллектив) фаро гирифта, омили дуюм, – ба доираи гигиенӣ асоснок гардидааст.

Назарияи мазкур дар натиҷаи пурсиши гуруҳи муҳандисон ва муҳосибон ба вуҷуд омада, омилҳои ҳаммонанди таъсиррасонро ба рафтори одамон ошкор кардааст.

Консепсияи мазкурро ҳамчунин ба омилҳои дарунӣ ва беруна тавзеҳ додан мумкин аст.

Омилҳои «сабабнок / шавқангезанда» ва ё дарунӣмундариҷа ва муҳтавои фаъолияти меҳнатии шахсро вобаста ба таъсирҳои бевоситаи шахсӣ ва дохилигурӯҳӣ фаро мегиранд. Омилҳои мазкур ифодагари он мебошанд, ки маҳз одам муваффақиятро ба даст меорад, хизматҳоро қадрдонӣ мекунад, дар вазифа пеш (боло) меравад, барои шуғл манфиатдор аст, барои пешравии касбӣ имкониятҳо фароҳам меорад ва дар фаъолият масъулият дорад. Таъсиррасонии мусбии ин омилҳо қаноатмандии шахсро ба кор / шуғлнокӣ афзун мегардонад ва шавқи ӯро барои боз ҳам фаъолияти хуб доштан зиёд мекунад. Аммо набудани ин омилҳо ба номуваффақӣ дар фаъолияти меҳнатӣ боис мегардад. Ҳамзамон, ин гуруҳ шавқмандӣ ва ё сабабнокии дохилӣномида мешавад, ки ҳолати қаноатмандии шахсро дар робита ба эҳсоси иҷрои хуби кор ифода мекунад – ин худҳавасмандсозӣаст. Барои корманд чӣ қадрдонӣ аз натиҷаи кор ва чӣ аз худи ҷараёни кор, ҳарду муҳим мебошад.

Читать дальше
Тёмная тема
Сбросить

Интервал:

Закладка:

Сделать

Похожие книги на «Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ»

Представляем Вашему вниманию похожие книги на «Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ» списком для выбора. Мы отобрали схожую по названию и смыслу литературу в надежде предоставить читателям больше вариантов отыскать новые, интересные, ещё непрочитанные произведения.


Отзывы о книге «Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ»

Обсуждение, отзывы о книге «Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ» и просто собственные мнения читателей. Оставьте ваши комментарии, напишите, что Вы думаете о произведении, его смысле или главных героях. Укажите что конкретно понравилось, а что нет, и почему Вы так считаете.

x