Миралиён Қиёмиддин - Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ

Здесь есть возможность читать онлайн «Миралиён Қиёмиддин - Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ» — ознакомительный отрывок электронной книги совершенно бесплатно, а после прочтения отрывка купить полную версию. В некоторых случаях можно слушать аудио, скачать через торрент в формате fb2 и присутствует краткое содержание. ISBN: , Жанр: Прочая научная литература, на русском языке. Описание произведения, (предисловие) а так же отзывы посетителей доступны на портале библиотеки ЛибКат.

Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ: краткое содержание, описание и аннотация

Предлагаем к чтению аннотацию, описание, краткое содержание или предисловие (зависит от того, что написал сам автор книги «Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ»). Если вы не нашли необходимую информацию о книге — напишите в комментариях, мы постараемся отыскать её.

Маводи мазкур барои таълим ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи фанни «Сотсиологияи идоракунӣ» муқаррар шудааст, ҳамчунин барои истифода ба олимон, омӯзгорон, маъмурон (роҳбарони ташкилоту муассисаҳо), хизматчиёни давлатӣ, унвонҷӯён, магистрантҳо ва шахсони дигари дар соҳаи идоракунии иҷтимоӣ ва менеҷмент машғул мебошанд, тавсия дода мешавад.

Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ — читать онлайн ознакомительный отрывок

Ниже представлен текст книги, разбитый по страницам. Система сохранения места последней прочитанной страницы, позволяет с удобством читать онлайн бесплатно книгу «Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ», без необходимости каждый раз заново искать на чём Вы остановились. Поставьте закладку, и сможете в любой момент перейти на страницу, на которой закончили чтение.

Тёмная тема
Сбросить

Интервал:

Закладка:

Сделать

Аз ин ҷо бармеояд, ки назарияҳои таҳлилу таҳқиқотии марбут ба идоракунӣ на асри XVIII, балки асрҳои X – XI ва на дар Ғарб, балки дар Шарқ ва бо саҳми муносиби мутафаккирони форсу тоҷик нуфуз пайдо намудааст. Аммо корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҳлилию амалӣ дар самти мазкур дар воқеъ оғоз аз асрҳои XVIII – XIX ва асосан дар Ғарб равнақ ёфта, то ба имрӯз дар назарияҳо ва моделҳои гуногуни идоракунӣ, аз ҷумла идоракунии иҷтимоӣ зимни коркард ва татбиқи васеъ қарор дода шудаанд.

Назариёти Низомулмулк вобаста ба идораи давлатӣ аз усулҳо ва василаҳои зерин иборат мебошад (Заходера Б. Н. Сиасет-наме. 1949):

– Эҳтиром гузоштани ҳокимон ба фаровонӣ ва ризқу рӯзии (аз ҷониби Худованд) фароҳамгардида;

– Таъмини адолат ва ҳалли баҳсҳо дар байни одамон;

– Назорати кору фаъолияти вазирон, раисон, қозиён ва дигар ходимони давлатӣ;

– Таҳқиқот ва тафтишот аз рӯи боварӣ ва эътиқодмандии ҷомеа ба Шариат ва рукнҳои он;

– Иҷро кардан ва эҳтиром гузоштан ба амру фармонҳои Роҳбари Олӣ (Шоҳ);

– Сафорати намояндагон ва ё ходимони давлатӣ барои иҷрои вазифаҳои махсус ва муҳим;

– Шӯрои (машварати) илмии давлатӣ;

– Таъмини мудофиа ва тартиботи истифодаи яроқу аслиҳа;

– Асосҳои хизмати (хизматрасонии) туркманҳо, туркҳо ва ғуломон;

– Тартиби маҷлисҳо ва қабули наздикон;

– Танбеҳи ходимони давлатӣ барои хатогиҳои ошкоршуда;

– Қадрдонии хизматгорон ва ғуломон барои хизматҳои шоиста;

– Фаъолияти иқтисодӣ ва молиявӣ дар идораи давлатӣ;

– Назорати андозбандӣ ва ҳисоббаробаркунӣ.

Дар умум назариёт ва тавсияҳои Низомулмулк ба идораи давлат бар асоси адолат, футувват, инсондӯстӣ, ҳақиқатҷӯӣ ва эҳтироми иҳотакардагон ва хизматгорон, ки аз таълимоти дини мубини Ислом бармеояд ва дар фаъолияти кулли кишварҳои ҷаҳон имрӯз низ дар амал мебошанд, ба амал бароварда шудаанд.

Саҳми олимони Ғарб дар рушди илми идоракунӣ, ки онро ба фаҳмиши муосири идоракунӣ рабт додан мумкин аст, ду-се саддаи охир назаррас гардид, зеро сохти идоракунии давлатии кишварҳои Ғарб ба муваффақиятҳо ноил гардида, то имрӯз таҷрибаи онҳо ба дигар минтақаҳои ҷаҳон паҳн карда шуда истодааст. Дар ин раванд мавқеи фаъолро сохти либералӣ ва ё демократии идоракунии давлатӣ ишғол менамояд, ки маҳз ҳамин модел таваҷҷуҳи зиёди олимони рӯи оламро барои омӯзиш ва таҳқиқи масъалаҳои марбут ба идоракунӣ, аз ҷумла идоракунии ҷамъиятӣ ҷалб намуд.

Дар самти идоракунии ҷамъиятӣ саҳми зиёди олимон Ҷ. Локк, Б. Спиноз, Ж. Руссо ва дигарон назаррас мебошад. Дар корҳои тадқиқотии онҳо назарияи давлати ҳуқуқбунёд ва принсипҳои либерализм ва демократизм, ки ба идоракунии низомҳои иҷтимоии мураккаб асос меёбанд, оварда шудаанд.

Идоракунии иҷтимоиро ба принсипҳои илмии идоракунии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва истеҳсолии аз ҷониби Ф. Тейлор, А. Файол, М. Вебер, Э. Мэйо ва дигарон ташаккул ёфта асоснок кардан мумкин аст.

1.2 Назарияҳои муосири сотсиологияи идоракунӣ

Барои осон гардидани баррасиҳои оянда 10 назарияҳои нисбатан маъмули сотсиологияи идоракуниро,ки бештар таваҷҷуҳи олимон ва муҳаққиқону мутахассисонро ҷалб намудааст ва дар ҷараёни фаъолияти идоракунии ҷамъиятию давлатӣ истифода мегарданд, ҷудо менамоем :

– Тақсимоти баробари меҳнат ва таъмини самаранокии истифодаи қувваи корӣ (Ф. Тейлор);

– Маъмурияти фаъолият (А. Файол);

– Муносибатҳои инсонӣ (Э. Мэйо);

– Талаботи инсонӣ (А. Маслоу);

– Ҳавасмандгардонӣ ва омилҳои шавқангез ва ё сабабнок (бедорсозии завқу рағбат) (Ф. Хертсберг);

– Тарзу усулҳои роҳбарӣ (Д. Макгрегор);

– Ҳамгироии фардӣ дар ҷараёни идоракунӣ (П. Блау, Р. Мертон, Т. Парсон);

– Кибернетика (технологияи иттилоотӣ) дар идоракунӣ (Н. Винер, О. Эшбӣ);

– Низомҳои (системаҳои) иҷтимоӣ (Ч. Барренд, Г. Саймон);

– Ташкилот (П. Блау, М. Фуко ва М. Вебер).

Тақсимоти баробари меҳнат ва таъмини самаранокии истифодаи қувваи корӣ (Ф. Тейлор)

Консепсияи муҳандиси америкоӣ Ф. Тейлор (1856—1915), ки ба танзими рафторҳои меҳнатии кормандон дар самти истеҳсолот равона гардида буд, сабаби пайдо шудани мафҳуми «Менеҷменти илмӣ» гардид. Назарияи ӯ асосан тақсимоти баробари меҳнат ва истифодаи самараноки кормандро дар истеҳсолотфаро гирифтааст. Дар ин ҷо муайян гардидани зарурат оид ба мувофиқаи манфиатҳо байни шахсони кироя (кормандон) ва кордиҳанда мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Яъне, барои самаранокии фаъолият кордиҳандаро зарур аст, ки манфиатҳои корхонаро бо корманд, аз ҷумла шахсони барои кор кироя шуда мувофиқа намояд ва албатта мақсади ин консепсия ба баланд бардоштани шахсияти корманд асос меёбад. Аммо татбиқи самараноки вазифаҳо бештар хусусияти иқтисодӣ дошта, он ба меъёрҳое асос меёбад, ки камхарҷии корхонаро тариқи истифодаи босамари қувваи корӣ инъикос менамояд. Меъёрҳои баҳогузории самаранокӣ ва ё сифати меҳнат фаъолияти кормандро бо принсипи: ба қафомондаҳоҷарима додан; пешравандагонроқадрдонӣ намудан; ва ба мобайнӣ (иҷрокунандагони нақша)таъмини маоши муқарраргардида – фаро мегирад.

Читать дальше
Тёмная тема
Сбросить

Интервал:

Закладка:

Сделать

Похожие книги на «Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ»

Представляем Вашему вниманию похожие книги на «Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ» списком для выбора. Мы отобрали схожую по названию и смыслу литературу в надежде предоставить читателям больше вариантов отыскать новые, интересные, ещё непрочитанные произведения.


Отзывы о книге «Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ»

Обсуждение, отзывы о книге «Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ» и просто собственные мнения читателей. Оставьте ваши комментарии, напишите, что Вы думаете о произведении, его смысле или главных героях. Укажите что конкретно понравилось, а что нет, и почему Вы так считаете.

x