Миралиён Қиёмиддин - Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ

Здесь есть возможность читать онлайн «Миралиён Қиёмиддин - Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ» — ознакомительный отрывок электронной книги совершенно бесплатно, а после прочтения отрывка купить полную версию. В некоторых случаях можно слушать аудио, скачать через торрент в формате fb2 и присутствует краткое содержание. ISBN: , Жанр: Прочая научная литература, на русском языке. Описание произведения, (предисловие) а так же отзывы посетителей доступны на портале библиотеки ЛибКат.

Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ: краткое содержание, описание и аннотация

Предлагаем к чтению аннотацию, описание, краткое содержание или предисловие (зависит от того, что написал сам автор книги «Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ»). Если вы не нашли необходимую информацию о книге — напишите в комментариях, мы постараемся отыскать её.

Маводи мазкур барои таълим ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи фанни «Сотсиологияи идоракунӣ» муқаррар шудааст, ҳамчунин барои истифода ба олимон, омӯзгорон, маъмурон (роҳбарони ташкилоту муассисаҳо), хизматчиёни давлатӣ, унвонҷӯён, магистрантҳо ва шахсони дигари дар соҳаи идоракунии иҷтимоӣ ва менеҷмент машғул мебошанд, тавсия дода мешавад.

Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ — читать онлайн ознакомительный отрывок

Ниже представлен текст книги, разбитый по страницам. Система сохранения места последней прочитанной страницы, позволяет с удобством читать онлайн бесплатно книгу «Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ», без необходимости каждый раз заново искать на чём Вы остановились. Поставьте закладку, и сможете в любой момент перейти на страницу, на которой закончили чтение.

Тёмная тема
Сбросить

Интервал:

Закладка:

Сделать

Ин усул гарчанде нисбат ба шахсият каме сахтӣ орад ҳам, вале дар фаъолият на танҳо нисбат ба кордиҳанда, балки нисбат ба ҳамкорон ва поддоши муайяншуда адолатро таъмин менамояд. Ин консепсия шахсро маҷбур месозад, ки аз рӯи худ кор кунад ва дар фаъолияти меҳнатӣ пешрафт дошта бошад.

Дар шароити имрӯза низ, аз ҷумла барои кишварҳои рӯ ба инкишоф дар самти истифодаи самараноки қувваи корӣ на танҳо дар истеҳсолот, балки дар тамоми зинаҳои фаъолияти меҳнатӣ ҷорӣ кардани конспесияи мазкур ба манфиат мебошад.

Маъмурияти идоракунӣ (А. Файол)

Муҳандис ва соҳибкори франсавӣ Анри Файол (1841—1925) тавлидгари назарияи маъмурияти идоракунӣ мебошад. Ӯ тасдиқ мекард, ки идора кардан – маънои пеш бурдани корхонаро барои расидан ба мақсади муайян бо назардошти гирифтани (аз худ кардани) манфиати зиёд (маҳсули бисёр) аз захираҳои мавҷудаи дар ихтиёрбуда, дорад.

Олим бар он назаре буд, ки ҳар як ташкилот аз ду қисмат: моддӣ ва иҷтимоӣ иборат мебошад. Қисмати якум меҳнати истеҳсолии кормандро фаро гирифта, қисмати дуюм ба муносибатҳои байниҳамдигарии одамон дар ҷараёни истеҳсоли неъматҳои моддӣ асос меёбад. Дар инҷо дар баробари фоиданокии ташкилот, ҳамчунин ба инобат гирифтани робитаҳои мустақими кормандон баррасӣ гардидааст, ки албатта аз усулҳои муносиби идоракунӣ маҳсуб мегардад.

Идоракунӣ, ба фикри олим, намудҳои гуногуни фаъолиятро, аз қабили техникӣ, тиҷоратӣ, молиявӣ, муҳофизатӣ, муҳосибӣ ва маъмурӣ фаро мегирад.

Яке аз дастовардҳои А. Файол дар самти идоракунии маъмурӣ ба таълиф гардидани принсипҳои зерини идоракунӣ асос меёбад:

Тақсимоти меҳнат. Мақсад тахассус додан мебошад, ки дар ниҳоят он ба зиёд гардидани таҷриба ва такмил ёфтани малакаи кории шахс / корманд оварда мерасонад. Ҳамзамон, ин усул ба самаранокии фаъолияти меҳнатии ҳар як корманд дар алоҳидагӣ ва ташкилот дар умум мусоидат менамояд;

Ҳокимият. Ҳукмфармоӣ тавозуни иҷрои байни вазифаҳо ва уҳдадориҳоро таъмин менамояд.

Тартибот. Кормандон бояд ба роҳбар итоат кунанд, аммо идоракунанда низ бояд нақши муносиби сарвариро дошта бошад.

Яккасардорӣ дар идоракунӣ. Ҳар як корманд бояд як роҳбар дошта бошад.

Равонасозии ягона. Шахсоне, ки барои иҷрои як намуди фаъолият равона гардидаанд, бояд вазифаҳои монанд ва нақшаи ягона дошта бошанд.

Тобеияти манфиатҳои фардӣ ба умум.Роҳбарият бояд назорат кунад, ки мақсадҳои корхона аз манфиатҳои корманд (он) боло истад.

Ҳавасмандӣ. Маош (моҳона) сабабнокии муҳим дар баҳисобгирии имкониятҳо мебошад ва ин беҳтарин низом ва ё василаи идоракунӣ ба ҳисоб меравад.

Марказонидан (ғайримарказонӣ).Ин масъала сатҳи шароитҳои кории корхона ва сифати ҳайати шахсии онро муайян мекунад.

Зинабандии скалярӣ. Ин зинабандии ҳокимият аз боло ба поён мебошад. Иерархия (зинабандӣ) барои идоракунии самтнок ва ягона зарур аст. Аммо робитаи уфуқӣ (горизонталӣ) низ асос шуморида мешавад, зеро он дар идоракунӣ нақши худро соҳиб мебошад.

Фармонбарорӣ.Дар инҷо, ҳам фармонҳои моддӣ ва ҳам иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ мегарданд. Фармонбарор вақти худро ба анҷом додани амалҳои моддии нодаркор сарф намекунад, аммо маҳз ҳамин амалҳо фаъолияти идоракуниро нигоҳ медоранд.

Адолат.Садоқат ва ростқавлии ҳайати шахсӣ бояд тавассути муносибати эҳтиромона ва адолатноки маъмурият (роҳбарият) нисбат ба тобеон таъмин карда шавад.

Устувории низоми вазифадор ва ё масъулиятнок намудани ҳайати корӣ. Корманд вазифаи худро беҳтар иҷро мекунад, агар бехатарии ҷойи корӣ ва пешравӣ дар мансаб ва ё вазифа барои ӯ кафолат дода шавад.

Ташаббускорӣ. Ба тамоми кормандон имконият дода шавад, ки ташаббусҳои худро дар самти рушд ва устуворсозии корхона нишон диҳанд.

Руҳбаландӣ дар тим (команда). Роҳбарият бояд дар муттаҳидсозии кормандон ва баланд бардоштани руҳияи онҳо масъул бошад.

Файол назар дорад, ки маҳорати воқеии шахс ба ҳамоҳангӣ ва дастгирӣ ниёз дорад. Бояд ки шавқу рағбати корманд дастгирӣ гардад, қобилияти ҳар як нафар мавриди истифода қарор дода шавад, ҳар як дастовард бидуни бухлу кановат қадр карда шуда, муносибати хуб ва муносиб ба роҳ монда шавад.

Гуфтан мумкин аст, ки маҳз дастоварди илмии А. Файол имкон дод, ки идоракунӣ ҳамчун фаъолияти мустақил ва махсуси одамон мақом пайдо кунад. Назари маъмурияти ташкилоту корхонаҳо ба идоракунӣ дигар шуд, аз ҷумла усулҳои иҷтимоӣ ва психологиро зимни истифода (омӯзиш) қарор доданд. Дар ниҳоят соҳаи нави илм – сотсиология ва психологияи идоракунӣ пайдо гардид, ки ин ду равияро (назарияи Файол) ба ҳам тавъам месозад.

Читать дальше
Тёмная тема
Сбросить

Интервал:

Закладка:

Сделать

Похожие книги на «Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ»

Представляем Вашему вниманию похожие книги на «Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ» списком для выбора. Мы отобрали схожую по названию и смыслу литературу в надежде предоставить читателям больше вариантов отыскать новые, интересные, ещё непрочитанные произведения.


Отзывы о книге «Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ»

Обсуждение, отзывы о книге «Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ» и просто собственные мнения читателей. Оставьте ваши комментарии, напишите, что Вы думаете о произведении, его смысле или главных героях. Укажите что конкретно понравилось, а что нет, и почему Вы так считаете.

x