Миралиён Қиёмиддин - Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ

Здесь есть возможность читать онлайн «Миралиён Қиёмиддин - Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ» — ознакомительный отрывок электронной книги совершенно бесплатно, а после прочтения отрывка купить полную версию. В некоторых случаях можно слушать аудио, скачать через торрент в формате fb2 и присутствует краткое содержание. ISBN: , Жанр: Прочая научная литература, на русском языке. Описание произведения, (предисловие) а так же отзывы посетителей доступны на портале библиотеки ЛибКат.

Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ: краткое содержание, описание и аннотация

Предлагаем к чтению аннотацию, описание, краткое содержание или предисловие (зависит от того, что написал сам автор книги «Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ»). Если вы не нашли необходимую информацию о книге — напишите в комментариях, мы постараемся отыскать её.

Маводи мазкур барои таълим ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи фанни «Сотсиологияи идоракунӣ» муқаррар шудааст, ҳамчунин барои истифода ба олимон, омӯзгорон, маъмурон (роҳбарони ташкилоту муассисаҳо), хизматчиёни давлатӣ, унвонҷӯён, магистрантҳо ва шахсони дигари дар соҳаи идоракунии иҷтимоӣ ва менеҷмент машғул мебошанд, тавсия дода мешавад.

Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ — читать онлайн ознакомительный отрывок

Ниже представлен текст книги, разбитый по страницам. Система сохранения места последней прочитанной страницы, позволяет с удобством читать онлайн бесплатно книгу «Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ», без необходимости каждый раз заново искать на чём Вы остановились. Поставьте закладку, и сможете в любой момент перейти на страницу, на которой закончили чтение.

Тёмная тема
Сбросить

Интервал:

Закладка:

Сделать

Ҷадвали 1

Назарияи М Вебер оид ба бюрократия Бюрократияаз забони франсавӣ - фото 1

Назарияи М. Вебер оид ба бюрократия

Бюрократияаз забони франсавӣ (bureau-дафтардорӣ) ва юнонӣ (кратос – ҳокимият) гирифта шуда, низоми идоракуниро бар асоси зинабандии амудӣ (иерархияи вертикалӣ) ва иҷрои босамари вазифаҳои гузошташуда ифода мекунад. Дар амал бюрократия, «низоми идоракунии аз ҳад зиёд расмикунонидашуда» дониста мешавад, ки албатта ин хусусияти манфӣ дорад.

Вебер бошад, бюрократияро ҳам за назари манфӣ ва ҳам аз назари мусбӣ – ҳамчун механизми бомулоҳиза (такмилёфта) ва шакли босамари фаъолият баррасӣ менамояд. Хусусияти манфии бюрократия аз расмиёти гуногуни дастурдиҳӣ, фармондиҳӣ, вазифагузорӣ ва ғайра, ки дар ниҳоят он самти худро тағйир дода, ба мақсади асосии ҳокимият табдил меёбад, иборат мебошад. Тибқи назари олим дастоварди асосии бюрократия ин самранокии баланд ва ё маҳсулнокии фаъолияти хоҷагидорию иқтисодӣмебошад, камбудии асосӣ бошад, ин рад кардани (ба эътибор нагирифтани) хусусияти ҳолатҳои низоангез ва набудани фасеҳӣ (гиро будани ақл, дастрасӣ) дар ҳолати зарурӣмебошад.

Мувофиқи ин назариёт бюрократияи олӣ (идеалӣ) асосҳои муҳими зеринро фаро мегирад:

– фаъолияти идоракунӣ доимо амалӣ гардонида мешавад;

– дар дастгоҳи идоракунӣ доираи ҳукмфармоӣ ва салоҳияти ҳар як зина ва фард муқаррар карда мешавад;

– принсипи асосии назоратро аз рӯи воҳидҳои гуногуни дастгоҳи идоракунӣ усули зинабандӣ (иерархӣ) ташаккул медиҳад;

– ҳукмфармо (роҳбар / фард) аз хусусикунонии (вобастакунии) василаҳои идоракунӣ, вазифаи (мансаби) зиёд, ки масъулияти маъмуриро бар душ дорад, дур мегардад;

– фаъолияти идоракунӣ ба касби махсус табдил меёбад;

– низоми омодасозии ҳукмфармоён / роҳбарон амал мекунад;

– дар идоракунӣ принсипи бешахсиятӣ ҳукмфармо мегардад.

1.3 Намудҳои ташкилотҳо

Дар шароити рушди ҷомеаи муосир ташкилёбии намудҳои гуногуни ташкилотҳо ҷараён дорад. Бо мурури замон тартиби таъсиси ташкилотҳо низ дигар шуда истодаанд. Ташкилотҳо ба мисли пешин дар асоси сохтор ва маҷмӯи вазифаҳо ташкил намеёбанд, баракс ҳамчун асос атрофи якчанд ҷараёнҳо ва мақсадҳои махсус таъсис меёбанд. Агар ташкилоти навъи анъанавӣ дар шакли зинабандӣ – аз боло ба поёнфаъолиятро ба роҳ мемонд, пас ташкилоти муосир сохтори шабакавиропеша кардааст. Дар ин ҳолат вазифаҳо ё сарбории идорӣ аз ҳисоби тақсими онҳо байни шабакаҳо ва ё намояндагиҳо кам гардида, имкониятҳо васеъ, даромадҳо зиёд ва самаранокии вақт таъмин карда мешаванд. Ба қатори чунин ташкилотҳо намудҳои зерин хос мебошанд:

– Шабакавӣ – маҷмӯи воҳидҳои мустақили як ташкилот буда, дар асоси муносибатҳои фармоишӣ, зинабандӣ, шартномавӣ ва ҳамоҳангшудаи бозорӣ амал мекунад. Дар ин шакл усулҳои ҳукмфармоӣ пурра амал намекунад. Инчунин ин навъи ташкилот ба се намуд: шабакаи муътадил, шабакаи дохилӣ ва шабакаи динамикӣ ё афзоишёбанда ҷудо мешавад;

– Бисёрченакдор – намуди ташкилоте мебошад, ки аз рӯи се навъи гуногуни меҳнат / воҳид: функсионалӣ ва ё дохилиидоравӣ (хизмати онҳо барои истифода дар дохили идора ё корхона равона мегардад – бахши кадрҳо, муҳосибот, хоҷагӣ, таъминот ва ғ.), маҳсулнокӣ (хизмат ва ё маҳсули хизмати онҳо дар беруни идора ё корхона истифода мегардад – анбор, нуқтаи тақсимотӣ ва ғ.), бозорӣ (маҳсули хизмати онҳо аз рӯи таснифоти муштариён интиқол / таъмин мегардад – намояндагиҳо ва ё воҳидҳои махсус дар дигар минтақаҳо, ки ба таъминот машғул мебошанд) фаъолият мекунад;

– Даврӣ – навъи ташкилоте мебошад, ки идораи он дар асос ва ё бо назардошти иштироки зертобеон ва кормандон ва ё намояндагиҳо дар шакли шӯро, мушовара ва ғайра сурат мегирад;

– Виртуалӣ – ҷамъияти шарикон ё ҳамкороне мебошад, ки ба таҳия, истеҳсол ва амалисозии маҳсулот ва хизматрасонӣ тавассути технологияҳои иттилоотӣ машғул мегарданд;

– Соҳибкорӣ – ташкилоте, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, даромад ва фоидаи молиявӣ ба даст меорад;

– Омӯзишӣ – навъи ташкилотест, ки вобаста ба фармоиши ташкилотҳои дахлдор ба омӯзонидан ва омода сохтани кадрҳо машғул мебошад.

САВОЛҲО БАРОИ САНҶИШИ САТҲИ ДОНИШ

– Идоракунӣ чист?

– Шакли идоракунии давлати Ҳахоманишиён чӣ гуна буд?

– Сиёсати идоракунии демократӣ ва ё либералӣ, ки дар низоми идоракунӣ мустақилият ва озодиро пеш гузошта буд, хоси кадом давлати қадимаи тоҷикон буд?

Читать дальше
Тёмная тема
Сбросить

Интервал:

Закладка:

Сделать

Похожие книги на «Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ»

Представляем Вашему вниманию похожие книги на «Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ» списком для выбора. Мы отобрали схожую по названию и смыслу литературу в надежде предоставить читателям больше вариантов отыскать новые, интересные, ещё непрочитанные произведения.


Отзывы о книге «Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ»

Обсуждение, отзывы о книге «Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ» и просто собственные мнения читателей. Оставьте ваши комментарии, напишите, что Вы думаете о произведении, его смысле или главных героях. Укажите что конкретно понравилось, а что нет, и почему Вы так считаете.

x