Ќатора њамоно дар дашти Сарой равон буд… Абўтолиб, ба ќисмат тан дода, дастонашро байни зонувон фишурда менишасту гоњ-гоње ба тиреза менигарист.
Дар истгоњи Ќумбел ќатора њафт даќиќа истод. Ин љо аллакай њама чиз худї буд. Њатто ќаторањо, ќаторањои боркашу мусофирбар, ки ќабл аз њар сўе рафтан дар роњи ин истгоњи калон ба ќатораи онњо дучор меомаданд, Абўтолибро азизу дилљў менамуданд – охир, онњо, чанд лањзаяке пеш, аз истгоњи Бўронї гузаштаанд, аз истгоње, ки бачањову њамсари ў зиндагї доранд. Ва як њамин кофї буд, ки он љисмњои бељон ќарини дилаш бошанд.
Ва, ана, ќатораи онњо боз ба роњ даромад ва то он ки ќад-ќади перрон мерафту аз њудуди истгоњ набаромада буд, Абўтолиб тавонист чењрањои шиностоби сокинони мањаллиро бубинад. Оре, оре, ў бешубња мешинохт он ќумбелињои дидаашро ва онњо низ эњтимол сокинони деринаи Бўронї – Ќазонќопу Едигей ва ањли хонадонашонро медонистанд; охир, писари Ќазонќоп - Собитљон, ки акнун дар донишкада мехонд, мактаби њамин љоро тамом карда буд…
Истгоњро пас гузошта, ќатора суръат мегирифту торафт тезтар роњ мепаймуд. Ба ёд овард Абўтолиб, ки боре њамроњи бачањо барои тарбуз омада буд ин љоњо, дафъаи дуюм – барои арчаи солинавї ва баъдан – бо корњои дигару дигар…
Ба хўрдание, ки сањар додандаш, даст назад Абўтолиб. Њамвора дар фикри он буд, ки то дуроњаи Бўронї тамоман кам, бештарак аз ду соат ваќт мондааст ва аз он мењаросид, ки мабодо барф бибораду бўрон бишавад, он гоњ Зарифаю бачањо аз хона намебароянду вай њатто аз дур њам дидаашон наметавонад…
«Худоё, - аз дил мегузаронд Абўтолиб, - барфатро нигоњ бидор. Сабр кун каме. Ваќти барфборї меёбї баъд. Мешунавї, худоё? Илтиљо мекунам!» Мух задаву дастонашро байни зонувонаш фишурда, мекўшид њушашро љамъ биёрад, тоќат бикунад, ба худ фурў биравад, то фоли ќисматашро халалдор насозаду чизеро, ки аз сарнавишт дархоста буд – аз тирезаи ќатора дидани зану фарзандонашро – интизор бишавад. Бошад, ки онњо њам ўро бубинанд… Субњ, ваќте ки зери назорати посбон дар њољатхона дастурў мешуст, ба оинаи зангорбастаи болои дастшўяки зангзада нигаристу худро пуркидарангу мурдасон хазончењра, чандон хазончењра, ки њатто дар асорат ин хел набуд ва тамоман мўсафед дарёфт; чашмонаш њам чун пештара не – аз њасрат бенур шудаву пешониашро ожанг зер карда буд… То њол пирї дар хаёлаш њам намеѓунљид… Бачаяконаш Довулу Эрмак ва Зарифа бубинанд, гумон аст бишносандаш. Њатто шояд аввал бињаросанд. Вале баъд чи хел шод мешаванд онњо; ў низ, њамин ки ба хонадонаш баргашту дар бари фарзандону њамсараш осудагї дарёфт, боз батадриљ асли ќадим мешавад…
Дар ин хусус андешида, боз ба тиреза чашм давонд Абўтолиб. Ана, боз љоњои шинос – ду тараф пуштањову байнашон – хамгаште. Орзў дошт, ки ягон ваќт бачањои Бўрониро ин љо биёрад, то пушта ба пушта, чун рў-рўи амвољ, хурсандона нидо намуда, даводав кунанду даводав…
Њамин ваќт калидњои дари њуљразиндон баланд садо доданду дар кушода шуд. Дар остона ду нозир меистоданд.
- Ба пурсиш баро! – Фармуд калонашон.
- Кадом пурсиш? Барои чї? –Беихтиёр баромад аз дањони Абўтолиб.
Нозир њатто мутааљљиб ќадаме сўяш монд, ки мабодо аз аќл бегона шуда бошад:
- Чї хел «ба кадом пурсиш»? Њоло њам намедонї–чї? Ку зуд баро!
Абўтолиб маъюсона сар ба зер афканд. Панљарааш намешуд, бе ягон фикру хаёл бод барин аз тиреза берун мепарид… Лекин чї илољ – маљбур аст итоат кунад. Насиб набудааст. Акнун, аз дилу љон ба тиреза часпида, он чизеро, ки ин ќадар интизориаш мекашид, намебинад. Абўтолиб, чун одаме, ки бори гароне ба дўш дорад, оњиста аз љо хест ва зери назорати посбон, њамчунон ки тањи дор мерафта бошад, сўи равонњуљраи*[‡‡] Тансиќбоев ќадам монд. Ќадам монду шўълаи охирин умед, ки дар пеш боз якунимсоата роњ асту шояд то он ваќт пурсиш тамом бишавад, дар дилаш рўшан шуд. Њамин буд ягона умед. То равонњуљраи Тансиќбоев њамагї чањор ќадам буд, вале бо чї машаќќати тўлоние тай кард онро Абўтолиб.
Муфаттиш бесаброна интизораш буд.
- Биё, Ќуттибоев, биё, камтар кор кунем, - љиддияти чењраву овозашро риоя намудаву манањи навтарошидаашро, ки атри тезбўе шакида буд, молида, нигоњашро ба Абўтолиб дўхт Тансиќбоев. – Бишин, иљозат медињам, бишин. Шишта гапзанон кунем, њам ба ту ќулай мешаваду њам ба ман.
Посбонон, ки омода буданд баробари нахустнидо пайдо бишаванд, паси дар монданд. Шунќорчашмро куштан имконнопазир буд. Чизе набуд, ки бо он куштааш бишавад. На шишае ба назар мерасиду на истаконе, њарчанд ин ашёро тасодуфан дар њуљрааш мондани шунќорчашм имкон дошт. Бўи араќу хуришњо аз ин дарак медод.
Читать дальше