Дуроњаи Бўронї, ки дергоњ интизориаш мекашид, кайњо пас монда буд, вале тамоми чизњои дар он лањзањои нафасвор кўтоњ дидааш гаштаву баргашта пеши назараш меомад. Дар пушти тиреза барф меборид, барфи анбўњу фаровон; њама чиз бебозгашт ба гузашта рафт, вале барои Абўтолиб Ќуттибоев ваќт дар он макони тайшуда, дар он пораи роњ, ки њама дарду маънии зиндагиашро дар хеш дошт, аз њаракат монда буд.
Њарчанд ки аз паси пардаи барф дигар чизеро фарќ кардан имкон надошт, ў худро њељ аз тиреза дур карда наметавонист. Ба њамин тарз, моту мабњут назди тиреза меистоду њайрон буд, ки њарчанд бедодгариро сар нафуровард, маљбур буд ба кадом як ќуввае итоат кунаду бесадову дуздона аз назди зану фарзандонаш чун њайвони безабон гузашта биравад, зеро ба ин њамон ќувва, ки аз озодї мањрумаш намуда буд, маљбураш мекард ва ў, ба љои он ки аз ќатора бипараду аз худ дарак бидињад ва рўирост сўи оилаи пазмонаш биштобад, њаќиру бечора ба тиреза менигаристу Тансиќбоевро имкон медод бо ў чун бо саге, ки амраш кардаанд дар кунљаке бишинаду њаракат накунад, муносибат намояд. Ва Абўтолиб, барои тасаллои дилаш, ањде кард, ки худаш медонисту Худо…
Акнун зањри талхи лањзањои дидорро то охир менўшид Абўтолиб. Фаќат њамин меомад аз дасташ, як њамин дар ихтиёраш буд, ки он лањзаро љузв-љузву зарра-зарра ва аён пеши чашмони хеш эњё намояд: аввал Ќазонќопро пеши назар овард, ки њамоно, байраќчаи бебадалаш дар дастони ќоќина, дар посгоњи доимии хеш истода буд, чи ќадар ќаторањоро ќабулу гусел кардааст ў дар умри хеш дар ин канору он канори дуроња; баъд – кулбањову молхонањои Бўронї ва дуди тўтањои рўи бомњоро ва аз он пас – Эрмакро, миёни бачањо, назди Едигейи Бўронї – он одами Худо, ки дар ин дунё чун кўњ собиту устувор монда буду он лањзањо барои тифлакон чизе месохт, дидану аз фарёду алам ќариб нафасгардон шуданашро. Эрмак ба Едигей тахтача ва ё ким-чизи дигаре медод. Ва Абўтолиб дар он чанд лањза Едигейи тануманду баќуввату сиёњљурдаи ба бачањо мењрубонро, ки дар тан пўстинчаи остинњояш барзадаву дар по мўза дошт, Эрмакаки телпакчаи куњнаву мўзачањои намадї пўшида ва Зарифаву Довулро, ки сўи онњо мерафтанд, бисёр рўшану аён пеши чашми худ дид. Зарифаи бечораву азиз – њам рўмолашро, ки ба китфонаш хамида, мўйњои сиёњи печонашро намоён карда буд, њам чењраи рангканда ва ин ќадар муассири дилљўяш, палтои тугмањояш кушода, мўзањои даѓалеро, ки худ барояш харида буд, сари сўи бачаякашон хамашро низ – ба Довулак ким-чї мегуфт - бењад наздик дид ў ва ин њама чизи бењад ќарину азизу фаромўшинопазир дер гоњ Абўтолибро дар хайрбоди хаёлии баъди дидор њамроњї мекард… Талафоте буд ин, ки бо ягон чиз ва њаргиз љуброн намешуд…
Тамоми роњ барф мебориду бўрон менолид. Дар яке аз истгоњњои пеши Оренбург ќатора як соати дароз истод – барфтўдањои роњро тоза мекарданд. Овозњо ба гўш мерасид – одамон, боду њаво ва њама чизи дунёро нафрин намуда, машѓули кор буданд. Баъд ќатора, дар пардаи гирдбоди бўронї, боз ба роњ даромад. То даруни Оренбург дурудароз рањ паймуданд, шохањои чун њезуми гўристони бесоњиб сиёњу каљукилеби дарахтони сари роњ лолу тира овезон буд. Худи шањр ќариб ки ба чашм намерасид. Дар истгоњи таќсимоти ќаторањо низ то дери шаб истоданд – равонхонаи махсусро аз ќофила људо карданд. Абўтолиб инро аз рўи таконхўрии равонхонањову садоњои ходимони равонхонаи махсус ва фарёди ќаторакашњо фањмид. Баъд равонхонаро боз ба куљое, аз афти кор, ба роњи эњтиётї кашида бурданд.
Оќибат ними шаб равонхонаи махсус дар љои муќарраршуда ќарор гирифт. Охирин бор такон хўрд равонхонаву охирин бор амре аз поин садо дод, ки «Шуд! Нарасед дигар!» ва он дигар аз љо наљунбид.
- Хайр, тамом! Тайёр шав, мањбус! Бубаро! – Дари њуљраро кушода, Абўтолибро фармуд нозири калон. – Ваќта нагир! Бубаро зудтар! Хобат бурд-чї? Як њавои тоза бигир!
Абўтолиб оњиста аз љо хест ва, ба нозир тамоман наздик шуда, навмедона гуфт:
- Тайёрам ман. Куљо рафтан даркор?
- Тайёр ки бошї, рафтем! Куљо рафтанатро посбонњо мегўянд, - нозир Абўтолибро роњ дод, ки ба долон барояд, вале баъд, њайрону хашмї фарёд зада, боздошташ: - Борхалтаат њамин љо мемонад-чї? Куљо? Барои чї борхалтаатро намегирї? Ё бароят боз њаммол биёрем? Канї, зуд лату путатро бардор!
Абўтолиб, ба њуљра баргашта, бо дили нохоњам борхалтаи фаромўшкардаашро гирифт ва њангоми баргаштан ба долон ќариб буд ба ду ходими махсуси њаминљої, ки бо шитобу изтироб мерафтанд, бархўрад.
Читать дальше