Далержон Ходжибаев - Комплекси таълимӣ-методӣ - Экологияи муҳандисӣ

Здесь есть возможность читать онлайн «Далержон Ходжибаев - Комплекси таълимӣ-методӣ - Экологияи муҳандисӣ» — ознакомительный отрывок электронной книги совершенно бесплатно, а после прочтения отрывка купить полную версию. В некоторых случаях можно слушать аудио, скачать через торрент в формате fb2 и присутствует краткое содержание. Год выпуска: 2022, Жанр: Биология, foreign_edu, на русском языке. Описание произведения, (предисловие) а так же отзывы посетителей доступны на портале библиотеки ЛибКат.

Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ: краткое содержание, описание и аннотация

Предлагаем к чтению аннотацию, описание, краткое содержание или предисловие (зависит от того, что написал сам автор книги «Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ»). Если вы не нашли необходимую информацию о книге — напишите в комментариях, мы постараемся отыскать её.

Комплекси таълимӣ-методӣ аз фанни Экологияи муҳандисӣ. Экологияи муҳандисӣ – фанни амалӣ мебошад ва аз худ системаи чораю тадбирҳои аз ҷиҳати илмӣ-техникиии асоснокушударо, ки ба нигоҳ доштани сифати муҳити атроф дар шароити истеҳсолоти афзуда истодаи саноатӣ равона шудааст, дарбар мегирад. Экологияи муҳандисӣ дар байни илмҳои техникӣ, табиӣ ва иҷтимоӣ ба вуҷуд омадааст.

Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ — читать онлайн ознакомительный отрывок

Ниже представлен текст книги, разбитый по страницам. Система сохранения места последней прочитанной страницы, позволяет с удобством читать онлайн бесплатно книгу «Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ», без необходимости каждый раз заново искать на чём Вы остановились. Поставьте закладку, и сможете в любой момент перейти на страницу, на которой закончили чтение.

Тёмная тема
Сбросить

Интервал:

Закладка:

Сделать
Ҷараёни солонаи умумии дарёҳо аз рўи солҳои гуногунобӣ аз 25 то 68 км 3тағир - фото 12

Ҷараёни солонаи умумии дарёҳо аз рўи солҳои гуногунобӣ аз 25 то 68 км 3тағир меёбад; аз ин ҳаҷм дар ҳудуди Тоҷикистон дар беҳтарин солҳо 52-53 км 3-и он ташаккул меёбад (дар ҳавзаҳои Амударё – 50,5 км 3, Сирдарё – 0,7 км 3). Ва аз он ҳаҷми обгирӣ фақат 13 км 3–ро ташкил медиҳад, яъне танҳо чоряки ҷараёни дарёӣ барои сарфи оби миллӣ истифода мешавад, қисми боқимондаи он ба ҳудуди давлатҳои ҳамсоя ворид мегардад.

Захираҳои умумии обҳои ошомидании (минералонӣ камтар аз 1г/дм 3) зеризаминӣ зиёда аз 51,2 млн. м 3-ро дар якшабонарўз ташкил медиҳанд. Аз онҳо захираҳои истифодашаванда – 7,6 млн.м 3дар як шабонарўз, ё 14,8% -ро ташкил медиҳад.

Аз ин захираҳо тақрибан 65% (1,93 млн. м 3дар як сол.) истифода мешаванд. Вале, бо вуҷуди фаровонии захираҳои оби нўшокӣ, Тоҷикистон мамлакате мебошад, ки тараққиёти обтаъминкунии аҳолӣ суст аст, хусусан дар ҳавзаи дарёи Сир норасогии он мушоҳида мешавад (Вилояти Суғд).

Барои барқароршавии захираҳои оби ошомиданӣ гирдгардиши об ки ҳамаи қисми - фото 13

Барои барқароршавии захираҳои оби ошомиданӣ, гирдгардиши об, ки ҳамаи қисми гидросфераро бо ҳам мепайвандад аҳамияти асосиро мебозад.

Дар гирдгардиши об элементҳои асосиро ҷудо менамоянд: атмосферӣ, уқёнусӣ ва материкӣ.

Давомнокии фарзии тахминӣ ивазшавии ҳамаи ҳаҷми қисми додашудаи гидросфера - фото 14

Давомнокии фарзии (тахминӣ) ивазшавии ҳамаи ҳаҷми қисми додашудаи гидросфера дар раванди гирдгардиш бо мубодилаи фаъоли об тавсиф меёбад. Масалан, агар ҳаҷми умумии дарёҳо баробари 1200 км 3бошад, ин маънои онро дорад ки ҷараёни об дар дарёҳо 26,6 маротиба дар як сол, яъне ҳар 13 шабонарӯз азнав мегардад.

А.Е. Ферсман обро минерали аз ҳама муҳими Замин номидааст, ки бе мавҷудияти он ҳаёт ҳам мавҷуд нест.

Шароити гидрологӣ яке аз нақшҳои асосиро оид ба ташаккули муҳити табиат мебозад. Дар он ҷое, ки об дар миқдори зарурӣ мавҷуд мебошад, гуногунннамудии организмҳои зинда мушоҳида карда мешавад.

Зери мафҳуми истифодабарии захираҳои обӣ – истеъмоли об ва рафъи он фаҳмида мешавад.

Муаммои камшавии миқдорӣ ва пастшавии сифатии захираҳои обӣ, ки бо афзоиши истеъмоли об дар саноат, хоҷагии қишлоқ ва маишӣ (камшавии миқдорӣ) ва ифлосшавии об (пастшавии сифатӣ) диққати мутахассисони ҳамаи ҷаҳонро ҷалб кардааст.

Камшавии миқдориии захираҳои обӣ. Айни замон инсоният 12-13% ҷараёни дарёҳоро истифода бурда истодааст. (слайд WH water use)

Дар саноат соҳаҳое, ки бештар обро истеъмол менамоянд ин – энергетика, саноати истихроҷи кӯҳӣ, металлургӣ ва химиявӣ мебошанд. Масалан, барои гудохтабарории (выплавка) 1 т чугун ва коркарди он ба пӯлод (сталь) 300 м 3об сарф мегардад, барои 1 т алюминий – 1500 м 3, мис – 500 м 3, қоғаз – 900 м 3, каучуки синтетикӣ – 2100-3500м 3. Боз ҳам ҳаҷми зиёди об дар хоҷагии қишлоқ истифода мешавад.

Пастшавии сифати захираҳои обӣ. Сабабҳои асосии пастшавии сифатии захираҳои обӣ – ин ифосшавии он мебошад.

Зери мафҳуми ифлосшавии об – дар он зиёдшавии моддаҳои зарарнокро ба миқдори зиёда аз меъёр, ки дар натиҷаи он сифати об паст мешавад ва объекти обӣ ифлос мегардад.

Манбаъҳои асосии ифлосшавии об инҳоянд: обҳои шорандаи саноати нафт, химияи нафт, химиявӣ, ангишт, селлюлоза-қоғазӣ ва металлургӣ.

Истифодабарии вояи зиёди нуриҳои минералӣ дар хоҷагии қишлоқ, воситаҳои химиявии ҳифзи растаниҳо ҳам инчунин ба ифлосшавии обанборҳо ва ҷараёнҳо оварда мерасонад.

Нуриҳо (удобрения) ва инчунин элементҳои биогенӣ, ба мисоли фосфор ва нитроген, ки дар обҳои шорандаи корхонаҳои саноатӣ ва комплексҳои чорводорӣ мавҷуданд, ба ҳавзҳо ва ҷараёнҳои рӯизаминӣ ворид гашта реҷаи биологӣ ва биохимиявии онҳоро вайрон мекунанд. Он қобилияти обҳои табииро ба худтозакунӣ паст менамояд, ки он на танҳо ба пастшавии сифати об ва инчунин ба деградатсияи онҳо оварда мерасонад.

Яке аз ифлоскунандаҳои асосии об ин нафт ва маҳсулоти он мебошад. Ҷоришавии нафт ба Уқёнус ҷаҳонӣ аз рӯи ақидаи мутахассисон тақрибан баробари 25-30 млн т дар як сол мебошад. 1 т нафт дар рӯи об пардаи бо масоҳати 12 км 2ро ҳосил мекунад.

3.2. Танзими қонунгузории истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои обӣ

Муносибат бо истифодаи захираҳои обиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 боб, 146 модда) ба танзим медарорад. Мақсадҳои Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи фонди давлатии об ва заминҳои фонди давлатии об барои беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии аҳолӣ ва муҳити зист, ҳифзи об аз ифлосшавӣ, олудашавӣ, камшавӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани таъсири зараровари обҳо, беҳтар кардани ҳолат ва ҳимояи объектҳои об, таҳкими қонуният ва ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба истифодабарии об мебошанд.

Читать дальше
Тёмная тема
Сбросить

Интервал:

Закладка:

Сделать

Похожие книги на «Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ»

Представляем Вашему вниманию похожие книги на «Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ» списком для выбора. Мы отобрали схожую по названию и смыслу литературу в надежде предоставить читателям больше вариантов отыскать новые, интересные, ещё непрочитанные произведения.


Отзывы о книге «Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ»

Обсуждение, отзывы о книге «Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ» и просто собственные мнения читателей. Оставьте ваши комментарии, напишите, что Вы думаете о произведении, его смысле или главных героях. Укажите что конкретно понравилось, а что нет, и почему Вы так считаете.

x