Далержон Ходжибаев - Комплекси таълимӣ-методӣ - Экологияи муҳандисӣ

Здесь есть возможность читать онлайн «Далержон Ходжибаев - Комплекси таълимӣ-методӣ - Экологияи муҳандисӣ» — ознакомительный отрывок электронной книги совершенно бесплатно, а после прочтения отрывка купить полную версию. В некоторых случаях можно слушать аудио, скачать через торрент в формате fb2 и присутствует краткое содержание. Год выпуска: 2022, Жанр: Биология, foreign_edu, на русском языке. Описание произведения, (предисловие) а так же отзывы посетителей доступны на портале библиотеки ЛибКат.

Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ: краткое содержание, описание и аннотация

Предлагаем к чтению аннотацию, описание, краткое содержание или предисловие (зависит от того, что написал сам автор книги «Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ»). Если вы не нашли необходимую информацию о книге — напишите в комментариях, мы постараемся отыскать её.

Комплекси таълимӣ-методӣ аз фанни Экологияи муҳандисӣ. Экологияи муҳандисӣ – фанни амалӣ мебошад ва аз худ системаи чораю тадбирҳои аз ҷиҳати илмӣ-техникиии асоснокушударо, ки ба нигоҳ доштани сифати муҳити атроф дар шароити истеҳсолоти афзуда истодаи саноатӣ равона шудааст, дарбар мегирад. Экологияи муҳандисӣ дар байни илмҳои техникӣ, табиӣ ва иҷтимоӣ ба вуҷуд омадааст.

Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ — читать онлайн ознакомительный отрывок

Ниже представлен текст книги, разбитый по страницам. Система сохранения места последней прочитанной страницы, позволяет с удобством читать онлайн бесплатно книгу «Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ», без необходимости каждый раз заново искать на чём Вы остановились. Поставьте закладку, и сможете в любой момент перейти на страницу, на которой закончили чтение.

Тёмная тема
Сбросить

Интервал:

Закладка:

Сделать

Қонунгузорӣ дар бораи об. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи об ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон об моликияти истисноии давлат мебошад ва давлат истифодаи самаранок ва ҳифзи онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Кодекси мазкур мафхумхои асосии зерин истифода карда мешаванд;

–об- ҳамаи обҳои дар объектҳои обӣ мавҷуда;

–обҳои рӯизаминӣ- обҳои доим ё муваққатан дар объектҳои обии рӯизаминӣ қарордошта;

–обҳои зеризаминӣ- обҳои аз ҷумла маъданӣ, дар объектҳои обии зеризаминӣ қарордошта;

–захираҳои об- захираҳои оби рӯизаминӣ ва зеризаминие, ки дар объектҳои об қарор доранд ва истифода мешаванд ё истифода хоҳанд шуд;

–объектҳои об- ҷамъшавии об дар рӯи замин, қаъри замин дар як ҳудуду ҳаҷм бо доштани низоми обӣ;

–низоми об – тағйир ёфтани сатҳ, хароҷот ва ҳаҷми об дар объектҳои об;

–манбаи обҳои рўизаминӣ- объекти оби рӯизаминӣ дар маҷмӯъ, ҳамчунин бо мубодилаи сусти об дар пастиҳои табиӣ ё сунъӣ;

–объекти оби ҷудогона (манбаи оби сарбаста) – манбаи оби масоҳати хурд ва ҷоринашавандаи сунъӣ, ки бо дигар объектҳои оби рӯизаминӣ аз ҷиҳати гидравликӣ вобаста нест;

–Ҳавзаҳои обҷамъшаванда – ҳудуде, ки дар он об ҷорӣ шуда объекти обро ба вуҷуд меорад;

–обҳои дренажӣ – обҳое, ки ба воситаи шабакаҳои заҳкашӣ сарҷамъ гардида, ба объектҳои об партофта мешаванд;

–обҳои партов – обҳое, ки баъди истифодаи он аз минтақаи ифлосшуда бо тартиби муқарраршуда ба объектҳои об партофта мешаванд;

–истифодаи объектҳои об- бо тарзи гуногун гирифтани манфиат аз объектҳои об барои қонеъ гардонидани талаботи моддӣ ва дигар эҳтиёҷоти шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ;

–Ҳифзи объектҳои об – фаъолият оиди ҳифз ва барқарорсозии объектҳои об нигаронидашуда;

–ифлосшавии объектҳои об – партов ё ба таври дигар дохил шудан, инчунин пайдо шудани моддаҳои зарароваре, ки сифати обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминиро бад мегардонанд, истифодаи қаър ва соҳилҳои объектҳои обро маҳдуд месозанд, ё ба онҳо таъсири манфӣ мерасонанд;

–олудашавии объектҳои об – партов ё ба таври дигар дохил шудани моддаҳо ё зарраҳои муаллақ ба объектҳои об, ки ҳолат ва истифодаи объектҳои обро душвор месозанд;

–камшавии об – мунтазам камшавии захира ва бадшавии сифати обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ;

–таъсири зараровари об – зери об, қисман зери об мондан ва дигар таъсири зараровари обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ ба минтақа ва объектҳои муайян;

–истифодабарандаи об- шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки обро ба тартиби муқарраргардида барои эҳтиёҷоти худ истифода мебаранд;

–фаъолияти хоҷагии об- фаъолияти шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ оиди истифода, барқарорсозӣ ва ҳифзи объектҳои об;

–иҷозат барои истифодаи махсуси об – иҷозате, ки барои истифодабарии объекти об аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об дода шудааст; (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

–оби нӯшокӣ- обе, ки аз рӯи ҳамаи сифатҳояш дар ҳолати табиӣ ё баъди коркарди он (тозакунӣ, безараргардонӣ, илова кардани моддаҳои зарурӣ) ба талаботи меъёрӣ мувофиқ аст ва барои нӯшидан ва эҳтиёҷоти маишии инсон ё барои истеҳсоли маҳсулоти хӯрока истифода шуда метавонад;

–меъёрҳои сифати оби нӯшокӣ (талаботи меъёрӣ)– маҷмӯи бо усулҳои илмию тадқиқотӣ ва бо қоидаҳои санитарӣ муқарраршудаи нишондодҳои имконпазири хосиятҳои таркиби кимиёвӣ ва микробиологии оби нӯшокӣ, ки бехавфию безарарии онро барои саломатии инсон кафолат медиҳад;

–таъминкунӣ бо оби нушокӣ- фаъолияте, ки ба таъмини талаботи ба оби нушокӣ доштаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ нигаронида шудааст;

–истифодаи умумии об- истифодаи умумии об бидуни ба кор бурдани иншоот ё дастгоҳи техникӣ;

–истифодаи махсуси об- истифодаи об ба воситаи ба кор бурдани иншоот ё дастгоҳҳои техникӣ;

–истифодабарандагони аввалаи об- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки объектҳои об ба онҳо барои истифодаи ҷудогона дода шудаанд;

–истифодабарандагони баъдинаи об- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба онҳо истифодаи объектҳои об бо розигии истифодабарандагони аввалаи об дар асоси шартномаи тарафайн бо мувофиқати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об» дода мешавад; (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

Читать дальше
Тёмная тема
Сбросить

Интервал:

Закладка:

Сделать

Похожие книги на «Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ»

Представляем Вашему вниманию похожие книги на «Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ» списком для выбора. Мы отобрали схожую по названию и смыслу литературу в надежде предоставить читателям больше вариантов отыскать новые, интересные, ещё непрочитанные произведения.


Отзывы о книге «Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ»

Обсуждение, отзывы о книге «Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ» и просто собственные мнения читателей. Оставьте ваши комментарии, напишите, что Вы думаете о произведении, его смысле или главных героях. Укажите что конкретно понравилось, а что нет, и почему Вы так считаете.

x