3. Таъсири антропогенӣ ба гидросфера
Таъсироти антропогенӣ ба ҳавзаи обӣ
Обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ қабати обии сайёраро, ё ин ки гидросфераро ташкил медиҳанд.
Обҳои сатҳӣ уқёнусҳо, баҳрҳо, кӯлҳо, дарёҳо ва дигар ҷараёнҳои обу ҳавзҳоро дар бар мегиранд. Ба обҳои зеризаминӣ обҳои намуди гуногун дахл доранд, ки онҳо дар қабатҳои болои литосфера ҷойгир шудаанд. Обҳои Замин дар ҳаракати мунтазам мебошанд. Гирдгардиши об ҳамаи қисмҳои гидросфераро пайваст менамояд, ки он системаи сарбастаро ташкил медиҳад. Одатан дар об ғашҳои пайдоишашон ғайриорганикӣ ва органикӣ мавҷуданд. Оби ширин ва шӯрро ҷудо мекунанд, сайёраи мо асосан аз оби шӯр иборат мебошад. Шӯрнокии миёнаи оби уқёнус баробари 34,7%, ё ин ки 34,7 г/л мебошад. Миқдори намакҳо дар оби ширин бошад на зиёда аз 1 г/л мебошад.
Аз сатҳи умумии Замин, ки баробари 510 млн км 2мебошад, 70,8% ро уқёнусу баҳрҳо ва 29,2 % ро хушкӣ ташкил медиҳад. Тақрибан 3% сатҳи хушкиро обҳои дохили материкӣ – кӯлҳо, дарёҳо ва ғ. ташкил медиҳад, ва тақрибан 11 % сатҳи хушкӣ бо пиряхҳо пӯшида шудааст.
Дар айни замон массаи об тақрибан 0,02% массаи курраи заминро ташкил дода, ҳаҷми он баробари 1,45*10 9км 3мебошад. Тақсимоти ҳаҷми об дар қитъаҳои гуногуни гидросфера чунин тавр мебошад, ҳаз. км 3:
Уқёнуси ҷаҳонӣ 1 370 323
Обҳои зеризаминӣ 60 000
Аз он ҷумла минтақаҳои фаъоли мубодилаи об 4 000
Пиряхҳо 24 000
Кӯлҳо 280
Намнокии хок 85
Буғи атмосферӣ 14
Обҳои дарёҳо 1,2
Об дар уқёнусҳо минералонидашуда мебошад (миқдори миёнаи намак; -35 г дар як литри об); миқдори зиёди обҳои зеризаминӣ ҳамчунин минералонида мебошад, баъзеи онҳо дар таркибашон то 200-250 г/л намакҳоро доранд.
Расми 3.1. Захираҳои умумии оби ҷаҳонӣ (
GRIDA-UNEP, 2012
)
Аксарияти ҳавзаҳои дарёҳо байнисарҳадӣ мебошанд. 148 мамлакатҳо дар ҳудуди худ як ё якчанд ҳавзаҳои дарёҳои байнисарҳадӣ доранд. Дар 39 мамлакатҳо як ё якчанд ҳавзаҳои дарёҳои байнисарҳадӣ зиёда аз 90%– и ҳудуди онро дар бар мегирад, ва 21 мамлакат пурра дар ҳудуди як ё якчанд ҳавзаҳо ҷойгир шудааст.
Расми 3.2. Тақсимоти глобалии (дастрас будан) об ба ҳар як сари аҳолӣ (Revenga, 2000).
Рас. 3.3. Ҳавзаҳои дарёҳои калонтарини ҷаҳон (GRIDA-UNEP, 2002).
Дар ҷаҳон 276 ҳавзаҳои дарёҳои байнисарҳадӣ вуҷуд дорад (64 – дар Африқо, 60 – дар Осиё, 68 дар Европа, 46 дар Америкои Шимолӣ ва 38 – дар Ҷанубӣ).
Захираи обии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бисёр захираҳои обҳои ширини Тоҷикистон дар пиряхҳо ва барфтўдаҳо ҷамъ шудаанд. Масоҳати умумии пиряхҳо тақрибан 11 ҳаз. км 2ё 8% ҳудуди мамлакатро ташкил додаанд. Пиряхҳои масоҳаташон то 1 км 2~ 80 %, ва масоҳаташон зиёда аз 1 км 2– қариб 20 % -и миқдори умумиро ташкил медиҳанд.
Захираҳои ҳозираи обҳои ошомиданӣ дар пиряхҳои кўҳӣ 845 км 3–ро ташкил мекунад, ки дар ҳаҷм, аз ҳисоби миёнаи солонаи ҷориши умумии ҳама дарёҳои мамлакат 8 маротиба зиёд аст.
Тамоми дарёҳои Тоҷикистон ба ҳавзаҳои обии дарёҳои Сирдарё, Амударё ва Зарафшон тааллуқ доранд. Калонтарин дарёҳои байнисарҳадӣ дарёҳои Амударё, Сирдарё , Бартанг ва Зарафшон ҳисоб меёбанд.
Ҷараёни миёнасолонаи барқароршавандаи Амударё атрофи 78,5 км 3–ро ташкил медиҳад. Шохобаҳои калонтарини Амударё: дарёҳои Вахш, Панҷ ва Кофарниҳон мебошанд, ки ҳиссаи онҳо дар ҳаҷми умумии захираҳои обии ин ҳавза 82,5% аст. Дар шимолу ғарбии мамлакат шохобаи дигар, дарёи Зарафшон ҷойгир аст, ки ҷараёни миёнаи бисёрсолаи он ба 5,14 км 3рост меояд. Дар ҳудуди Тоҷикистон фақат 3%-и ҷараёни он истифода мешавад, ҷориши боқимонда ба ҳудуди давлати ҳамсоя ҷорӣ мешавад.
Читать дальше