Дар ҷадвали 6,1 маълумотҳои асосӣ оиди манбаъҳо ва намуди ифлосшавии ҳавзаи ҳавоӣ дар ИМА оварда шудааст.
Ифлосшавии хок ва об бо сурб, ки дар газҳо ихроҷшавандаи автомодилӣ мебошад, дар наздикии бевоситаи роҳҳо ба вуҷуд меояд. Вайроншавӣ ё деградатсияи пурраи сатҳи растанидор дар радиуси 4,-5 км аз электростансияҳои гармӣ ва корхонаҳои металлургӣ ба назар мерасад.
Ифлосшавии атмосфера ба саломатии инсон таъсири калонро дорад. Ҳисоб карда шудааст, ки дар ИМА дар натиҷаи ифлосшавии ҳаво танҳо дар панҷ сол ба ҳалокати бармаҳал дучор шудани 25 ҳаз. н., 50 млн ҳодисаи зиққи нафас, 2- млн дигар касалиҳои нафаскашӣ ва ғ.
Танзими ҳуқуқӣ ва меъёрии ҳифзи муҳити ҳавоӣ
Дар соли 1963 Ташкилоти ҷаҳонии ҳифзи тандурустӣ дар СММ тавсия додааст, тозагии ҳаворо дар асоси критерияҳои, ки ба дараҷаҳои муайян мувофиқ мебошанд, маълум бояд намуд (дар китоб).
Қонуни ҶТ Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера. Қонуни мазкур муносибатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, новобаста ба шаклҳои моликияташон, барои нигоҳдорӣ ва барқарорсозии сифати ҳавои атмосфера ва таъмини амнияти экологӣ танзим менамояд.
Вазифаҳои Қонуни мазкур аз инҳо иборатанд:
– нигоҳдорӣ, беҳтарсозӣ ва барқарорсозии ҳолати ҳавои атмосфера;
– пешгирӣ ва паст кардани дараҷаи таъсири манфии кимиёвӣ, физикӣ, биологӣ ва дигар таъсиррасонӣ ба ҳавои атмосфера;
– истифодаи оқилонаи ҳавои атмосфера;
– пурзӯр намудани тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера;
– таъмини амнияти экологӣ.
ӣ.
Табиати
Т
оҷикистон
д
ар рақамҳо
Баландии мавзеъҳо – аз 300 то 7495 м аз сатҳи баҳр
Баландии миёна ва релефи асосӣ – қариб 3 ҳазор метр, 93% ҳудуд бо куҳҳо пӯшида шудааст.
Ҳудуди иқлими замин – субтропик, 37 0арзи шимолӣ
Майдони мамлакат – 142,6 ҳаз. км 2 , дарозии ҳудуд аз шимол ба ҷануб 350 км, аз ғарб ба шарқ – 700 км.
Пиряхҳо 6% ҳудуди мамлакатро ишғол менамоянд: дарозии аз ҳама пиряхи калон
– Федченко – 70 км.
Резиши дарёҳое, ки дар ҳудуди мамлакат ташаккул меёбанд – зиёда аз 54 км 3дар як
сол.
Пиряхҳо ва барфҳои баландкуҳҳои Тоҷикистон манбаи асосии об мебошанд. Пиряхҳо масоҳати 8 ҳазор километри мураббаъ ё 6% масоҳати мамлакатро ташкил медиҳанд. Масоҳати пиряхҳо аз масоҳати ҷангалҳо ду маротиба зиёд аст. Захираи об дар пиряхҳо то 550 километри мураббаъ мерасад, ки он ба ҳаҷми оби тамоми дарёҳои Тоҷикистон дар давраи 10 сол ташаккулёфта баробар мебошад. Дар Тоҷикистон чанд ҳазор пиряхҳо мавҷуд аст, ки қисми зиёди онҳо хурданд, вале 10 пиряхҳо дарозии то 20 километра доранд. Калонтарин пиряхи Тоҷикистон пиряхи Федченко мебошад, ки дарозии он 70 километр ва бараш 2 км, ғафсии ях то 1 километрро ташкил медиҳад.
Дарёҳои куҳӣ манбаи асосии табии об барои кишоварзӣ ва аҳолӣ, инчунин асоси гидроэнергетикаи мамлакат мебошад. Ҷиҳати банақшагирӣ ва идоракунии захираҳои обӣ дар Тоҷикистон айни ҳол 4 ҳавзаи дарёҳоро ҷудо мекунанд:
ҳавзаи дарёҳои Сирдарё (бо суб-ҳавзаи Зарафшон) дар шимол , дарёи Кофарниҳон дар ғарб
дарёи Панҷ дар ҷануб ва дарёи Вахш дар марказ. Дар мамлакат қариб ҳазор дарёҳо мавҷуд ҳастанд, ки дарозии ҳар яки онҳо ба зиёда аз 10 километр мерасад.
Ангишт дар ҳаҷми 1-2 миллион тонн дар як сол дар конҳои Назарайлоқ, Шӯроб ва Фон-яғноб истеҳсол мешавад. Барои қонеъ намудани талабот ба ангишт зиёд шудани истеҳсоли он то 7-15 миллион тонн дар як сол то соли 2030 дар назар аст. Дар давоми 10 соли охир 200 корхонаҳо ба истифодабарӣ аз ангишт гузаштаанд.
Сифати ҳаво дар шаҳрҳои асосии Тоҷикистон дар сатҳи ҷоиз нигоҳ дошта мешавад. Манбаи асосии ифлосшавии атмосфера партовҳои нақлиёт ба ҳисоб мераванд, партовҳои бештари моддаҳои зараровар аз манбаҳои доимӣ ва ҳаракаткунанда дар минтақаҳои саноатии мамлакат мушоҳида мешаванд.
Партовҳои газҳои гулхонавӣ (ГГ), ки қодиранд ба иқлим таъсир расонанд, дар Тоҷикистон камтар аз 1 тонна гази карбон (СО 2) ба як на-фари аҳолӣ рост меояд. Ҳиссаи Тоҷикистон дар партовҳои ҷаҳонӣ ночиз аст, вале мамлакат нисбат ба оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим осебпазир мемонад. Аз соли 2005 то соли 2010 партовҳои СО2 қариб дар як сатҳ нигоҳ дошта мешаванд, вале вобаста ба зиёдшавии аҳолӣ, рушди иқтисодиёт ва зиёд шудани теъдоди нақлиёт партовҳо ба ҳаво зиёд шуда истодаанд. Иштироки Тоҷикистон ва аксарияти давлатҳо дар тадбиқи Созишномаи Париж оид ба иқлим ва амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба кам кардани партовҳо бояд барои пешгирии зиёдшавии ҳарорати глобалӣ дар доираи 2 0С ва коҳиш додани оқибатҳои ногувори гармшавӣ мусоидат намояд.
Читать дальше